ИТТИЛОИЯ оид ба семинарҳои “Клиникаи рақамӣ”

Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши амнияти иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар созмону муассисаҳои ВАО ва намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ давраҳои омӯзишии “Клиникаи рақамӣ”-ро баргузор мекунад.

Дар доираи ин семинарҳои якрӯза мавзӯъҳои беҳдошти рақамӣ дар фазои маҷозӣ, маҳоратҳои амалӣ ва машваратҳо барои ҳифзи додаҳои рақамӣ баррасӣ мешаванд.

Дар баробари коршиносони ватанӣ, дар семинарҳо мутахассисон ва тренерҳои байналмилалӣ монанди Арман Абдрасилов – директори ЦАРКА (Қазоқистон), Асомиддин Атоев – директори Лоиҳаи минтақавии CyberSAR (Қирғизистон), Виталий Казантсев – директори ширкати ҳуқуқии IT-Law (Қазоқистон), Денис Легезо – мутахассиси Озмоишгоҳи Касперский, Саркис Дарбинян – директори иҷроияи Маркази ҳуқуқҳои рақамӣ (Федератсияи Русия), Татугул, Мамбеталиева, директори Фонди ҷамъиятии ГИИП (Қирғизистон) иштирок менамоянд.

 

Сана ва макони баргузории давраҳои омӯзишии “Клиникаи рақамӣ”:

Шаҳри Хуҷанд. 11 декабр, Кохи матбуот, ошёнаи 12-ум;

Шаҳри Душанбе. 13 декабр, Академияи ВАО;

Шаҳри Бохтар. 15 декабр, Меҳмонхонаи Леваканд.

 

Семинарҳо дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии ГИИП (Қирғизистон) ва бо дастгирии Институтҳои ҷомеаи кушода ва SecDevFoundation баргузор мешаванд.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *