ИТТИЛОИЯ оид ба семинарҳои “Мактаби ҳуқуқҳои рақамӣ”

Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет ва Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳомиёни ҳуқуқ давраҳои бозомӯзии “Мактаби ҳуқуқҳои рақамӣ”-ро баргузор мекунанд. Ин давраҳои бозомӯзии серӯза дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар баргузор шуда, иштирокдорони он роҳу усулҳои баланд бардоштани дараҷаи иттилоотонӣ ва савияи донишҳо оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми истифода аз технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосирро аз худ мекунанд.

Интизор меравад, ки дар баробари коршиносони ватанӣ, дар “Мактаби ҳуқуқҳои рақамӣ” мутахассисон ва тренерҳои варзида аз ИДМ, монанди Арман Абдрасилов – директори ЦАРКА (Қазоқистон), Асомиддин Атоев – директори Лоиҳаи минтақавии CyberSAR (Қирғизистон), Виталий Казантсев – директори ширкати ҳуқуқии IT-Law (Қазоқистон), Денис Легезо – мутахассиси Озмоишгоҳи Касперский, Саркис Дарбинян – директори иҷроияи Маркази ҳуқуқҳои рақамӣ (Федератсияи Русия), Татугул, Мамбеталиева, директори Фонди ҷамъиятии ГИИП (Қирғизистон) иштирок намоянд.

 

Сана ва макони баргузории давраҳои бозомӯзии “Мактаби ҳуқуқҳои рақамӣ”:

Шаҳри Хуҷанд. 12-14 декабр, Кохи матбуот, ошёнаи 2-юм;

Шаҳри Душанбе. 14-16 декабр, Академияи ВАО;

Шаҳри Бохтар. 14-16 декабр, Меҳмонхонаи Леваканд.

Семинарҳо дар ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии ГИИП (Қирғизистон) ва бо дастгирии Институтҳои ҷомеаи кушода ва SecDevFoundation баргузор мешаванд.

 

 

 

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *