Озмун барои дарёфти дастгирии техникӣ ва машварат оид ба амнияти рақамӣ

Фонди Ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет”  барои дарёфти дастгирии техникӣ ва  машварат оид ба  амнияти  рақамӣ озмун эълон менамояд.

Барои иштирок дар озмун фондҳои ҷамъияти ва ВАО-е, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир буда, мехоҳанд савияи ҳуқуқии рақамии худро такмил диҳанд ва сатҳи ҳимояи воситаҳои техникии ташкилоташонро баланд бардоранд, даъват карда мешаванд.Дар доираи ин ташаббус, ба ташкилотҳои интихобшуда дастгирии зерин пешниход мешавад:- санҷиши воситаҳои техникӣ барои амнияти рақамӣ;- таҳлилу муайян кардани талаботи техникӣ ва барномаҳои техникӣ;- дастгирии техникӣ ва маслиҳат оид ба амнияти  рақамӣ.  Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд саволнома (анкета)-ро пур кунанд. Барои дарёфти маълумоти иловагӣ лутфан ба шумораҳои зерин тамос бигиред: 44 600 5121, 44 600 5122, 918 719109. Мӯҳлати пешниҳоди дархостҳо  то  20 ноябри соли 2018 мебошад. Озмуни мазкур аз ҷониби Институти Ҷомеаи Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Линки саволнома:

https://docs.google.com/forms/d/1pIk7sJU1FSpPjKFUQDCu_UISis-nRag8ksWl6jhHh1U/