ДАР БОРАИ СИЛСИЛАИ МОДУЛҲО

Дар «қарни иттилоотии» муосир, дастрасии осон ба иттилоот тарзи ҳаёт, кор ва бозии моро тағйир медиҳад. «Иқтисоди рақамӣ», ки низ бо истилоҳҳои «иқтисоди дониш», «иқтисоди шабакавӣ» ё «иқтисоди нав» маъмул аст, бо гузариш аз истеҳсоли молҳо ба эҷоди ақидаҳо хос аст. Ин инкишоф, агарчӣ ҳоло асосӣ набошад ҳам, болоравии нақши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро (ТИК) дар иқтисод ва умуман ҷомеа таъкид менамояд.

Дар натиҷа, ҳукуматҳо дар саросари дунё бештар ба ТИК барои рушд (ТИКР) аҳамият зоҳир менамоянд. Барои ин ҳукуматҳо, ТИКР на танҳо рушди саноати ТИК ё бахши иқтисодиёт аст, балки истифодаи ТИК-ро дар тақвияти иқтисодӣ, ҳамчунин рушди иҷтимоиву сиёсӣ низ фаро мегирад.

Бо вуҷуди ин, яке аз мушкилоте, ки ҳукуматҳо дар таҳияи сиёсатгузории  соҳаи ТИК рӯ ба рӯ мешаванд, ин он аст, ки сиёсатгузорон худ бештар бо технологияҳои барои ҳадафҳои рушди миллӣ истифодашаванда шинос нестанд. Азбаски кас наметавонад чизеро идора кунад, ки бо он шинос нест, бисёр сиёсатгузорон аз таҳияи сиёсатгузорӣ дар соҳаи ТИК канорагирӣ мекунанд. Вале бар дӯши технологҳо вогузоштани сиёсатгузорӣ дар соҳаи ТИК низ нодуруст аст, чунки бештари вақтҳо технологҳо дар бораи оқибатҳои сиёсатгузории технологияҳои таҳияшаванда ва истифодашавандаи худ  огоҳӣ надоранд.

Силсилаи модулҳои Академияи асосҳои ТИК барои роҳбарони ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баҳри рушд таҳия шудааст ҷиҳати:

  • Сиёсатмадорон дар сатҳи миллӣ ва маҳаллии ҳокимият, ки барои таҳияи сиёсат дар соҳаи ТИК масъуланд;
  • Шахсони мансабдори давлатӣ, ки барои таҳия ва татбиқи барномаҳои амалӣ бар асоси ТИК масъуланд;
  • Роҳбарони бахши давлатӣ, ки дар татбиқи ТИК ва абзорҳо барои идоракунии лоиҳаҳо талош меварзанд.

Ҳадафи силсилаи модулҳо пеш бурдани шиносоӣ бо масъалаҳои муҳими вобаста ба ТИКР, ҳам аз нигоҳи сиёсатгузорӣ ва ҳам аз нигоҳи технология мебошад. Ҳадаф таҳия намудани дастурамали техникии ТИК набуда, балки бештар таъмини дарки имкониятҳои технологияҳои муосири рақамӣ ё самти инкишофи онҳо ва аҳамияти ин барои таҳияи сиёсатгузорӣ мебошад. Мавзӯъҳое, ки дар модулҳо фаро гирифта шудаанд, тавассути таҳлили эҳтиёҷот барои омӯзиш ва таҳқиқоти маводҳои дигари таълимӣ дар саросари дунё муайян шудаанд.

Модулҳои мазкур тавре тарҳрезӣ шудаанд, ки онҳо метавонанд барои худомӯзӣ аз ҷониби хонандагони инфиродӣ ё ҳамчун захира барои курс ё барномаи таълимӣ истифода шаванд. Модулҳо мустақиланд, ҳамзамон бо ҳамдигар алоқамандӣ доранд ва талош варзида шуд то дар ҳар як модул мавзӯъҳо ва муҳокимаҳо дар модулҳои дигари силсила бо ҳам пайванд бошанд. Ҳадафи дарозмуддат муттаҳид кардани модулҳо ба курси мантиқан боэътимоде, ки  қобили боварист мебошад.

Ҳар як модул бо баёнияи ҳадафҳои модул ва натиҷаҳои омӯзиши ҳадафманд оғоз мегардад, ки мутобиқи онҳо хонанда метавонад пешрафти худро арзёбӣ кунад. Мӯҳтавои модул ба бахшҳои алоҳида тақсим шудааст, ки таҳқиқоти таҷрибаҳо ва машқҳоро, барои амиқ фаҳмидани мафҳумҳои асосӣ дар бар мегирад. Машқҳо метавонанд аз ҷониби хонандагони инфиродӣ ё аз ҷониби гурӯҳҳои иштироккунандаи тренинг иҷро шаванд. Барои нишон додани ҷиҳатҳои махсуси муҳокима ба модул ҷадвалҳову суратҳо ворид карда шудаанд. Иқтибосҳо ба сарчашмаҳои адабиёт ва захираҳои интернетӣ низ ба таваҷҷӯҳи хонандагон оварда шудаанд то имконияти ба даст овардани  дигар нигоҳҳо фароҳам оварда шавад.

Истифодаи ТИКР чунон гуногун аст, ки баъзан таҳқиқоти таҷрибаҳо ва мисолҳои дар модулҳо баррасишаванда метавонанд мухолифи ҳамдигар ба назар расанд. Инро метавон интизор шуд. Ин ҳам ҳаяҷонангез ва ҳам  масъалаи ҳалталаби  фанни мазкури акнун рушдёбанда ва инчунин ояндаи ӯст, дар ҳоле, ки ҳамаи кишварҳо омӯхтани имкониятҳои ТИК-ро ҳамчун восита барои рушд оғоз намудаанд.

Дастгирии силсилаи модулҳои Академия дар шакли чопӣ аз ҷониби платформаи таълими интерактивии фосилавӣ дар шабака – Академияи Маҷозии Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушд (AVA – http://www.unapcict.org/academy) – амалӣ карда мешавад, ки дар он синфхонаҳои маҷозӣ бо нишон додани баромадҳои омӯзгорон дар формати видеоӣ ва презентатсияҳои PowerPoint-и модулҳои таълимӣ истифода мешаванд.

Илова бар ин, Маркази бозомӯзии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ барои рушд Маркази электронии ҳамкории ТИКР-ро (e-Collaborative Hub), захираи шабакавии ҷудошуда барои ходимон ва сиёсатмадорон бо ҳадафи баланд бардоштани таҷрибаи онҳо дар соҳаи омӯзиш ва таълим, таҳия намуд (e-Co Hub – http://www.unapcict.org/ecohub),. e-Co Hub ба захираи донишҳо оид ба ҷиҳатҳои гуногуни ТИКР дастрасӣ фароҳам меорад ва фазои интерактивиро барои табодули дониш ва таҷрибаҳо ва ҳамкорӣ ҷиҳати пешбурди ТИКР таъмин менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *