Одобномаи шаҳ рванди электронӣ (эТИКет)

Ҳадафи асосии Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет) – пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои виртуалӣ низ, новобаста аз макону замон, мебошад. Аз ин рӯ мо, аъзои ҷомеаи иттилоотии рақамӣ,одобномаи шаҳрванди электрониро пазируфта, бар онем,

ки меъёрҳои одоби ҳаёти воқеӣ дар ҳаёти виртуалӣ боядпурра риоя гарданд.

Меъёрҳои ҳамин одобнома ҳангоми муошират бо телефони мобилӣ, шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва бо татбиқи дигар технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) амалишавандаанд. Шакли кӯтоҳшудаи номи санади мазкур ЭТИКЕТ аст,ки аз калимаҳои «мобикэт» ва «нетикэт» таркиб ёфтааства дар маҷмуъ одоб ё этикаи дастрасӣ ба ТИК-ро ифода менамояд.

 

1.Манфиатҳои ҷамъиятӣ ҳангоми иистифода ва татбиқи ТИК ҳамеша бояд ба назар гирифта шавад.

2.Эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон,санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ дар фазои виртуалӣ шарт ва заруранд.

3.Риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва арзишҳои миллӣ дар фазои виртуалӣ зарур аст.

4.Пахши расму наворҳои фаҳшомез ва дорои хусусияти порнографӣ норавост.

5.Таблиғу тарғиби терроризм бо тамоми зуҳуроташ ба воситаи ТИК норавост.

6.Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва шахсони имконияташон маҳдуд вазифаи афзалиятнок дар фазои ТИК мебошад.

7.Истифодаи ТИК барои таъқиб, таҳқир, туҳмат,иғво, воҳима, ғаразварзӣ, маҳалгароӣ ва дигар амалҳоинораво ғайри қобили қабул аст.

8.Табъизи миллӣ, забонӣ, динӣ, нажодӣ ва ҷинсӣдар фазои виртуалӣ раво нест.

9.Эҳтироми моликияти зеҳнӣ ҳатмӣ буда, бо истифода аз ТИК асардуздӣ раво нест.

10.Одоби муошират ҳангоми истифодаи ТИК бояд риоя гардад; муоширати дурударози безарурат, истифодаи садоҳои гӯшхарош, суханони қабеҳу беодобона ва баланд гӯш кардани мусиқӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ раво

нест.

11.Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бояд тарзе истифода шаванд, ки ба фароғати дигарон халал ва ба саломатии онҳо зарар нарасонанд.

12.Аз таҷҳизот ва воситаҳои технологии дигарон бе иҷозат истифода бурдан беодобист.

  1. Маълумоти инфиродии ҳар шахс дар фазои виртуалӣ дахлнопазир буда, истифодаи беиҷозати он норавост.

14.Сухан ва иттилооти шахси дигарро таҳриф кардан норавост.

15.Шарҳи беодобонаи андешаи дигарон ва посухи беодобона ба он қобили қабул нест.

16.Ба воситаи ТИК ҳарзанома (спам) фиристодан

ҷоиз нест.

17.Суиистифода аз донишу малакаи нокифояи технологию иттилоотии дигарон норавост.

18.Истифодабарандаи ТИК барои маълумоти интишоркардаи худ масъул мебошад.

19.Истифодабарандаи ТИК барои риоя намудани одоб дар фазои виртуалӣ масъул аст.

20.Волидайн дар истифодаи ТИК аз ҷониби фарзандони ноболиғ масъул мебошанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *