Қарор дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва бо мақсади танзими сиёсати ягонаи давлатии иттилоотӣҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои Қоидаҳои мазкур муайян карда шавад.

3. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком”):

– дар муҳлати 9 моҳ платформаи техникию технологиро муайян, таҳия ва рушди шамоилҳои намунавӣ (қолибҳо), аз ҷумла услуби графикии (дизайни) сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернетро таъмин намояд;

– дар муҳлати як сол платформаи техникию технологиро барои ҷойгиркунии сомонаҳои расмии вазорату идораҳо ташкил карда, дастгирӣ ва рушди минбаъдаи онҳоро таъмин намояд;

– бо фармоиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дар асоси қарордод, дастгирӣ ва рушди сомонаҳои расмии онҳоро дар шабакаи Интернет таъмин намояд.

4. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тибқи Қоидаҳои мазкур:

– дар муҳлати як сол сомонаҳои расмии худро ташкил ё ба Қоидаҳои мазкур мувофиқ намоянд;

– маъмурикунонии мундариҷаи иттилоотии сомонаҳои расмии худро ба таври доимӣ таъмин намоянд;

– низомномаҳои дохилиро оид ба тартиби нашр ва навкунии маводи иттилоотӣ дар сомонаи расмӣ таҳия ва тасдиқ намоянд.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011, № 166 “Дар бораи тасдиқи Тартиби талаботи ягона барои вебсайт ва шабакаи маҳдуди баҳисобгирии мақомоти идораи давлатӣ” аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 10 июли соли 2017 № 344

ш.Душанбе

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 июли соли 2017, № 344

тасдиқ шудааст

На русском языке

Бо забони тоҷикӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *