Ҳафтаи бозомузӣ ва семинар-машваратҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои рақамӣ

Фонди ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон дар самти бехатарии иттилоотӣ тасмим гирифтааст як қатор давраҳои омузишӣ ва семинар-машваратҳоро дар Тоҷикистон баргузор намояд.

Тули як ҳафта, аз 10 то 16 декабр дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи барномаҳои таълимии “Мактаби ҳуқуқҳои рақамӣ” ва “Клиникаи рақамӣ” бо иштироки коршиносони ватанӣ ва мутахассисони байналмилалӣ як қатор чорабиниҳои омузишӣ ташкил мегарданд.

Нақшаи чорабиниҳои “Клиникаи рақамӣ”:

Шаҳри Хуҷанд, 11 декабр, Кохи матбуот, ошёнаи 12-ум;

Шаҳри Душанбе, 13 декабр, Академияи ВАО;

Шаҳри Бохтар, 15 декабр, Меҳмонхонаи Леваканд.

Дар доираи семинарҳои якрӯзаи “Клиникаи рақамӣ” мавзӯъҳои беҳдошти рақамӣ дар фазои маҷозӣ, маҳоратҳои амалӣ ва машваратҳо доир ба ҳифзи додаҳои рақамӣ барои таъмини амнияти иттилоотӣ дар кори созмону муассисаҳои ВАО ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ мешаванд.

Нақшаи чорабиниҳои “Мактаби ҳуқуқҳои рақамӣ:

Шаҳри Хуҷанд, 10-12 декабр, Кохи матбуот, ошёнаи 2-юм;

Шаҳри Душанбе, 12-14 декабр, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони сохторҳои қудратии Вазорати Адлия ҶТ;

Шаҳри Бохтар, 14-16 декабр, Меҳмонхонаи Леваканд.

Дар доираи давраҳои бозомӯзии серӯза, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳомиёни ҳуқуқ, роҳу усулҳои баланд бардоштани дараҷаи иттилоотонӣ ва савияи донишҳо оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҳангоми истифода аз технологияи иттилоотиву коммуникатсионии муосирро аз худ мекунанд.

Дар баробари коршиносони ватанӣ, дар семинарҳо мутахассисон ва тренерҳои байналмилалӣ аз Қазоқистон ва Федератсияи Русия, иштирок менамоянд.

Давраҳои бозомузӣ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҷамъиятии ГИИП (Қирғизистон), SecDev Foundation (Канада), ва бо дастгирии молиявии Институти Ҷамъияти Кушода “Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.