ФОРУМИ ДУЮМИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ОИД БА ИДОРАКУНИИ ИНТЕРНЕТ

22-23 июни соли 2017

Душанбе, Тоҷикистон

      Мақсади асосии Форуми дуюми Осиёи Марказӣ оид ба Идоракунии Интернет – ин ташкил намудани майдони кушода барои баррасии масъалаҳои сиёсӣ оид ба идоракунии Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар форум масъалахои амнияти киберӣ ва танзими озоди Интеренет, рушди индустрияи DNS ва дастраси ба Интеренет, инчунин усулҳои глобали ва миллии идоракунии Интеренет муҳокима мегарданд.

Read More

ДАР БОРАИ СИЛСИЛАИ МОДУЛҲО

Дар «қарни иттилоотии» муосир, дастрасии осон ба иттилоот тарзи ҳаёт, кор ва бозии моро тағйир медиҳад. «Иқтисоди рақамӣ», ки низ бо истилоҳҳои «иқтисоди дониш», «иқтисоди шабакавӣ» ё «иқтисоди нав» маъмул аст, бо гузариш аз истеҳсоли молҳо ба эҷоди ақидаҳо хос аст. Ин инкишоф, агарчӣ ҳоло асосӣ набошад ҳам, болоравии нақши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро (ТИК) дар иқтисод ва умуман ҷомеа таъкид менамояд.

Read More

Одобномаи шаҳ рванди электронӣ (эТИКет)

Ҳадафи асосии Одобномаи шаҳрванди электронӣ (эТИКет) – пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек дар фазои виртуалӣ низ, новобаста аз макону замон, мебошад. Аз ин рӯ мо, аъзои ҷомеаи иттилоотии рақамӣ,одобномаи шаҳрванди электрониро пазируфта, бар онем,

Read More

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҚУҚИ ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои амалӣ гардонидани ҳуқуқи ҳар шаҳрванд ба ҷустуҷӯи озодонаи иттилоот ва ба даст даровардани он, ҳамчунин таъмини ошкорои иттилоотии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилоту мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.

На русском языке

Бо забони тоҷикӣ

 

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИЛООТОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 124)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар рафти ташаккулу истифодаи иттилооти ҳуҷҷатшуда ва манбаю захираҳои иттилоот ба миён меоянд, офаридани технологияҳои иттилоотӣ, шабакаву системаҳои автоматиконидашудаи иттилоотро танзим мегардонад, тартиби муҳофизати захираи иттилоот, инчунин ҳуқуқ ва вазифаҳои субъектҳоеро, ки дар равандҳои иттилоотонӣ ширкат меварзанд, муайян мекунад.

На русском языке

Бо забони тоҷикӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ИТТИЛООТ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 2, мод. 320; с. 2012, №7, мод. 698)

(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848, аз 27.11.2014 № 1164)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти иттилоотӣ, мақсад, вазифа, принсип, субъект ва объектҳои муносибатҳои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар ҷомеа муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 №848).

На русском языке

Бо забони тоҷикӣ

Қарор дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва бо мақсади танзими сиёсати ягонаи давлатии иттилоотӣҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Read More

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲУҶҶАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 122, аз 28.12.2012 № 908, аз 22.07.2013 № 995, аз 31.12.2014 № 1174)

Қонуни мазкур асосҳои ба кор бурдани ҳуҷҷатҳои электронӣ, талаботи асосӣ ба ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифаҳо ва масъулияти иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар соҳаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ба амал меоянд, муӯаррар менамояд.

На русском языке

Бо забони тоҷикӣ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи имзои электронии рақамӣ

(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 628, аз 25.03.2011 № 699)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро ҳангоми созмон додан ва истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҷараёни ташаккул ва истифодаи ҳуҷҷатҳо дар шакли инъикоси электронӣ тавассути системаи иттилоотии автоматикунонидашуда ва телекоммуникатсионӣ, воситаҳои барномавию техникӣ ба танзим медарорад.

На русском языке

Бо забони тоҷикӣ